Ноябр 28, 2017 17:55 Asia/Dushanbe
  • Нашрияи амрикоӣ: “Муҳаммад ибни Салмон Язиди ҷадиди Ховари Миёна аст”

Як моҳномаи тахассусии сиёсати хориҷӣ дар Амрико валиаҳди феълии Арабистонро бо Язид ибни Муовия дар замони Имом Ҳусейн муқоиса карда, иқдомоту сиёсатҳои ӯро қимори бузурге барои давлати Саудӣ донист.

Моҳномаи тахассусии амрикоии “International Interest” дар матлабе бо унвони «Қимори бузурги Арабистони Саудӣ» ба қалами Муҳаммад Айюб аз устодони барҷастаи равобити байналамилал дар Донишгоҳи иёлати Мичиган ҳукумати феълии Риёзро бо ҳукумати банни Умайя дар замони вуқӯи ҳодисаи Карбало (соли 61-и ҳиҷрии қамарӣ ва 680-и милодӣ) муқоиса кард. Муҳаммад Айюб дар ин мақола навиштааст: «Ба назар мерасад, ки Муҳаммад ибни Салмон бо таваҷҷуҳ ба иқдомоти нобихридонаи худ вориси хирқаи сиёсии Язид ибни Мувоия дар замони Ҳусейн ибни Алӣ аст, аммо бо таваҷҷуҳ ба қобилиятҳои низомии Эрон, дар сурате ки талош кунад, ҷанги Карбалои дувумро рақам бизанад, бояд бидонад, ки ин бор ин набард қатъан пирӯзи дигаре хоҳад дошт ва натиҷаи мутафовит барои он рақам хоҳад хӯрд». Ӯ афзудааст: «Валиаҳди саросема ва бепарвои Арабистони Саудӣ, ки ӯ низ ҳамчун Язид дар замони куштори Карбало 33 сол дорад, дар ҳоли ҳозир саъй мекунад, набардеро барои ба поён расондани шиаён дар Ховари Миёна пеш барад ва ба назар мерасад, ки Ҳизбуллоҳи Лубнонро ба унвони нахустин ҳадафи худ нишона гирифтааст, зеро Ҳизбуллоҳ аз нигоҳи давлати Арабистон ҷонишини душмани ҳақиқии онҳо, яъне Эрон аст». Дар ин мақола таъкид шудааст, бо таваҷҷуҳ ба хӯи таҳоҷумии Муҳаммад ибни Салмон, дар сурате ки зӯрозмоии низомӣ байн ду кишвар рух диҳад, нерӯҳои Саудӣ ҳатто бо вуҷуди таҷҳизоти низомие, ки аз Амрико ва муттаҳидонаш харидорӣ карда, қодир нахоҳанд буд, бо артишу нерӯҳои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон муқобила кунанд.

Ин устоди равобити байналмилалӣ бо баёни ин ки Риёз мехоҳад Вашингтонро ба ҷидоли низомӣ бо Эрон таҳрик кунад, афзудааст: «Арабистони Саудӣ мумкин аст, битавонад ба таври муваққат бо сарфи ҳазинаҳои ҳангуфт ҳомиёне ба даст оварад, аммо қудрати нарми ин кишвар дар минтақа, агар нагӯем сифр аст, аммо бисёр андак ва ночиз мебошад». Дар поёни ин матлаб таъкид шудааст, «охирин иқдоми Арабистони Саудӣ барои эҷоди ҷабҳаи муштарак бо Исроил барои муқобила бо "душмани муштарак", яъне Эрон низ эҳтимолан бо шикаст мувоҷеҳ хоҳад шуд, чаро ки чунин иқдоме беш аз пеш машрӯияти иддаоҳои Арабистонро дар бораи раҳбарии ҷаҳони Ислом ва араб зери суол мебарад».