Посухи манфии сарони қабоили Ироқ ба даъвати Муҳаммад ибни Салмон
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i26047-Посухи_манфии_сарони_қабоили_Ироқ_ба_даъвати_Муҳаммад_ибни_Салмон
Сарони қабилаҳои ҷануби Ироқ мудохилаи Арабистонро дар умури кишварҳои арабӣ ва исломӣ маҳкум карданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Ноябр 28, 2017 22:35 Asia/Dushanbe
  • Посухи манфии сарони қабоили Ироқ ба даъвати Муҳаммад ибни Салмон

Сарони қабилаҳои ҷануби Ироқ мудохилаи Арабистонро дар умури кишварҳои арабӣ ва исломӣ маҳкум карданд.

Ба гузориши шабакаи хабарии “Алолам”, сарони қабилаи девония дар вилояти Қодисия, ҷануби Ироқ сиёсатҳои Риёзро дар қиболи кишварҳои минтақа мардуд донистанд. Қабилаҳои девонияи Ироқ ҳамчунин даъвати Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистонро низ, ки ононро ба Риёз даъват карда буд, рад карданд.

Ҷосим Ҷаъфар, намояндаи парлумони Ироқ ҳам пеш аз ин дар гуфтугӯ бо расонаҳои Саудӣ дар бораи сафари Ибни Салмон ба Ироқ гуфта буд, Бағдод дар шароити феълӣ аз пазируфтани валиаҳди Арабистон маъзур аст.