Ноябр 29, 2017 18:35 Asia/Dushanbe
  • Табдили ҳотел ба зиндон барои шоҳзодагони боздоштшудаи Саудӣ

Афзоиши шумори шоҳзодагони боздоштшуда дар Арабистон боис шуд, як ҳотели дигар дар ин кишвар ба зиндон табдил шавад.

Ба нақл аз хабаргузории Меҳр, ин ҳотел, ки Меридиан ном дорад, дар устони Алшарқияи Арабистон воқеъ аст .

Ба тозагӣ чанд мақому шоҳзодаи Саудӣ аз ҷумла Фаҳд ибни Абдурраҳмон Болғаним, вазири кишоварзии пешини Арабистон, Зоид ибни Фаҳд Алсакибӣ, яке аз фармондорони собиқи Саудӣ ва Ҷамол ибни Носир Алмулҳам, яке аз мудирони аршади пешин дар ин кишвар ба ҳотели Меридиан мунтақил шудаанд .

Гуфта мешавад, зиндони вижае ҳам барои гурӯҳе аз занону духтарони режими Оли Сауд, ки ба иттиҳоми фасоди иқтисодӣ дар боздошт ба сар мебаранд, эҷод шудааст .

Пеш аз ин низ эълом шуд, ҳотели панҷситораи Ритс Карлтон, ки дар ҷоддаи Макка-Риёз воқеъ шуда ва мизбони Трампу хонаводааш ва бисёре аз меҳмонони хориҷии Арабистон буда, аз шаби чаҳоруми ноябр ҳеч меҳмонеро напазируфтааст ва эҳтимолан ба боздоштгоҳи шоҳзодагону вазирон ва тоҷирони муттаҳам ба фасод табдил шудааст .

Моҳи гузашта подшоҳи Арабистон ба баҳонаи мубориза бо фасод, даҳҳо шоҳзодаву вазири пешин ва кунунии ин кишварро боздошт кард .

Бисёре аз сиёсатмадорон муътақиданд, боздошти густардаи шоҳзодаҳои Саудӣ бо ҳадафи афзоиши қудрати Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ ва аз майдон ба дар бурдани рақибону мухолифони ӯ анҷом шудааст .