Декабр 03, 2017 19:33 Asia/Dushanbe
  • Шиллики мушаки нерӯҳои яманӣ ба реактори ҳастаии Абузабӣ

Ягонҳои мушакии Яман як фарванд мушаки болдори Круз ба реактори ҳастаии Абузабӣ дар Абузабӣ шиллик кард.

Нерӯи мушакии артиши Яман эълом кард, ки як мушаки Крузро ба сӯи нерӯгоҳҳои ҳастаии Барокаи Абузабӣ шиллик кардааст .

Дар ҳамин росто, Азир Рошид, муовини сухангуи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар гуфтугӯ бо шабакаи Алмаёдин эълом кард, ки “шиллики мушак ба сӯи нерӯгоҳҳои Абузабӣ ҳовии паёме сиёсӣ ва низомӣ аст”, вай ҳамчунин тасреҳ кард, ки мушак ба ҳадафи худ исобат кардааст .

Вай афзуд, “мушаки Круз тавлиди Яман аст ва мо тавоноии тавлиди чунин мушакҳоеро дорем”.

Вай ҳамчунин эълом кард, ки бурди ин мушак 1600 километр аст .

Ин иқдоми низомии артиши Яман дар шароите анҷом шуд, ки рӯзи гузашта даргириҳое байни нерӯҳои ҷунбиши Ансоруллоҳ ва раисҷумҳури махлуи Яман, Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ рух дод, даргириҳое, ки дар паи иқдомоти таҳрикомези Солеҳ алайҳи ҷунбиши Ансоруллоҳ, ки ба бесуботии авзоъ анҷомид, шакл гирифт .

Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман пештари нисбат ба густариши доманаи ҷангу фишор алайҳи миллати Яман ва дахолатҳои Иморот дар ин ҷанг шадидан ҳушдор дода буд .

Ин дар ҳолест, ки тарафҳои иморотӣ ҳамла ба нерӯгоҳҳои атомии Барокаро рад кардаанд .