Декабр 04, 2017 16:55 Asia/Dushanbe
  • Раисҷумҳури собиқи Яман кушта шуд

Манобеи огоҳ дар Яман аз кушта шудани Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисҷумҳури собиқи Яман хабар доданд.

Ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон аз Санъо, вай дар ҳоли фирор дар ҷоддаи Замор ба Байзо кушта шудааст .

Ориф Зуко, муовини вай ва Ёсир Алъавозӣ, дабири кулли ҳизби Конгресси миллӣ ҳам, ки ҳамроҳи вай буданд, кушта шуданд .

Ҳануз дар бораи иллату чигунагии марги вай хабаре мунташир нашудааст.

Абдуллоҳ солеҳ, раисҷумҳури Яман аз соли 1990 то 2012 буд.

Усома Сорӣ, рӯзноманигори яманӣ бо тайиди ин хабар гуфтааст, қарор буд, Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ пас аз фирор ба Иморот мунтақил шавад.  

Манобеи хабарӣ ҳамчунин эълом карданд, манзили ӯ дар даргириҳои имрӯз дар Санъо дучори ҳариқ шудааст .

Пештар низ манзили фарзанди Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ таҳти контроли нерӯҳои артиш ва амниятии Яман даромада буд .

Пойтахти Яман дар рӯзҳои ахир шоҳиди даргириҳое миёни гурӯҳҳои мусаллаҳи вобаста ба Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисҷумҳури пешини Яман бо нерӯҳои артишу кумитаҳои мардумии вобаста ба ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман будааст .