Ҳушдори Созмони озодибахши Фаластин ба Амрико дар бораи Қудс
Созмони озодибахши Фаластин (СОФ) ба раисҷумҳури Амрико дар бораи оқибатҳои иҷрои тасмимаш барои интиқоли сафорати ин кишвар аз Телавив ба Байтулмуқаддас ҳушдор дод.
Ба гузориши шабакаи телевизионии “Алолам”, Ҳисом Зумлут, раиси дафтари Созмони озодибахши Фаластин дар Вашингтон эълом кард, ба расмият шинохтани шаҳри Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти Исроил аз ҷониби Амрико оқибатҳои фоҷеаборе дорад ва ба маънои марги раванди сулҳ хоҳад буд. Раиси СОФ тасреҳ кард, бо ба расмият шинохта шудани Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти Исроил аз сӯйи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико чеҳраи ин кишвар байни афкори умуми ҷаҳон беш аз пеш хадшадор хоҳад шуд.
Ба гуфтаи масъулони амрикоӣ, Трамп қасд дорад, дар суханронии рӯзи чаҳоршанбеи ояндаи худ шаҳри Қудсро ба унвони пойтахти Исроил ба расмият бишносад. Трамп дар таблиғоти интихоботии соли 2016-и худ ваъдаи интиқоли сафорати Амрико ба Қудсро дода буд.