Истиқболи Натаняҳу аз тасмими Трамп  
(last modified Thu, 07 Dec 2017 12:28:19 GMT )
Декабр 07, 2017 17:28 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Натаняҳу аз тасмими Трамп  

Нахуствазири режими саҳюнистӣ танҳо касе аст, ки аз тасмими раисиҷумҳури Амрико барои эъломи Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти ин режим, ибрози хурсандӣ кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Бинямин Натаняҳу чаҳоршанбешаб дар паёме, рӯзи эъломи тасмими ахири Доналд Трампро дар бораи Қудс, рӯзитаърихӣ барои саҳюнистҳо хонд.

Натаняҳу бидуни ишора ба мухолифати густурдаи мақомҳо ва шахсиятҳои муҳимми байналмилалӣ бо тасмими раисҷумҳури Амрико, гуфт, ин тасмими Трамп, нишонгари тааҳҳуди Трамп дар амал ба ваъдаҳояш аст ва Исроил умедвор аст, дигар кишварҳо низ аз ин тасмим пайравӣ кунанд.

Раисиҷумҳури Амрико, рӯзи чаҳоршанбе бо вуҷуди мухолифатҳои густурдаи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ эълом кард, Амрико Қудсро ба унвони пойтахти Исроил ба расмият мешиносад.

Трамп аз вазорати хориҷаи Амрико низ хост, то муқаддамоти интиқоли сафорати Амрикоро аз Тел Авив ба Байтулмуқаддас фароҳам кунад.

Конгресси Амрико, 23 октябри 1995 тарҳи интиқоли сафорати Амрикоро ба Қудс тасвиб карда буд, аммо давлатҳои мухталифи Амрико аз он замон токунун аз бими вокуниш афкори умумӣ аз иҷроӣ ин мусаввабаи Конгресс худдорӣ мекарданд.

Байтулмуқаддас аз соли 1967 дар ишғоли Исроил аст.