Декабр 07, 2017 22:06 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос: Паймони Осло мурд

Раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) эълом кард, Паймони Осло дигар вуҷуд надорад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Ал Олам”, Исмоил Ҳания рӯзи панҷшанбе дар конфронси хабарӣ гуфт, тасмими Трамп барои ба расмият шинохтани Қудси шариф ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ, гӯри амалиёти сулҳ ва Паймони Ослоро кандааст ва дигар чизе ба номи “муомилаи қарн”, вуҷуд надорад.

Паймони Осло нахустин мувофиқатномаи рӯдар рӯи режими Исроил ва Созмони озодибахши Фаластин (СОФ) буд, ки дар сентябри 1993 бо ҳузури Ёсир Арафот, Исҳоқ Робин ва Билл Клинтон ба имзо расид ва бар асоси он, ташкили ҳукумати худгардони Фаластин ба унвони як ниҳоди идории муваққат, муқаррар шуд.

Исмоил Ҳания дишаб ҳам бо ирсоли паёме ба сарони кишварҳои арабӣ ва исломӣ, дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ, дабири кулли Иттиҳодияи Араб, ҳайатҳо ва созмонҳои арабӣ ва байналмилалӣ дар вокуниш ба тасмими Амрико таъкид кард, режими саҳюнистӣ аслан замине надорад, ки бихоҳад Қудс пойтахти он, муаррифӣ шавад.

Исмоил Ризвон яке аз масъулони аршади Ҳамос ҳам эълом кард, тасмими Доналд Трамп дарҳои ҷаҳаннамро боз мекунад.

Ҳамчунин гурдонҳои “Ал Ақсо”, шохаи низомии ҷунбиши Фатҳ аз тамоми гурӯҳҳои фаластинӣ хост, сафҳои худро барои оғози озодсозии комили Қудс ва Фаластин муттаҳид кунанд.

Гурдонҳои “Ал Ақсо” аз Созмони озодибахши Фаластин (СОФ) ва кодри раҳбарии он низ хост, Ташкилоти худгардонро мунҳал ва тамоми тавофуқномаҳоро бо режими ишғолгар лағв кунанд.