Декабр 10, 2017 13:26 Asia/Dushanbe
  • Поёни ҷанг алайҳи ДИИШ дар Ироқ

Нахуствазири Ироқ аз поёни ҷанг бо террористҳои ДИИШ дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши, Ҳайдар Ибодӣ рӯзи гузашта дар оини кушоиши конфронси Иттиҳодияи хабарнигорони ироқӣ дар Бағдод, гуфт, «неруҳои ироқӣ контроли комили марзи Ироқ ва Сурияро дар даст доранд ва ман поёни ҷанг бо ДИИШ дар Ироқро, эълом мекунам».

Вай сипас рӯзи якшанбе (10 декабр)-ро ба муносибати пирӯзии ниҳоӣ бар ДИИШ-ро «таътили расмӣ» эълом кард.

Ибодӣ ҳамчунин аз Оятуллоҳ Систонӣ, марҷаи олиқадри мусулмонони Ироқ ба иллати фатвои таърихӣ, ки боиси пирӯзии мардуми Ироқ бар гурӯҳи террористии ДИИШ шуд, қадрдонӣ кард ва афзуд, таърих, нақши марҷаиятро ба унвони ҳофизи Ироқ дар сахттарин замонҳо сабт хоҳад кард.

Пас аз ишғоли шаҳри Мусил дар 10 июни 2014 тавассути ДИИШ ва талоши ин гурӯҳи террористӣ барои ишғоли манотиқи дигари Ироқ, Оятуллоҳ Систонӣ бо судури фатвое ҷанг бо террористҳоро воҷиби кафоӣ хонд ва аз ҳамаи шаҳрвандони ироқӣ хост бо ба даст гирифтани силоҳ, ба ҷанги террористҳо бираванд.

Пас аз ин фатво, ҳазорон нафар аз мардуми Ироқ таҳти унвони неруҳои басиҷи мардумӣ (Ал Ҳашд ул Шаъбӣ), дар канори неруҳои ироқӣ вориди ҷанг бо гурӯҳи террористии ДИИШ шуданд ва тавонистанд онҳоро дар манотиқи мухталифи ин кишвар шикаст диҳанд.