Декабр 10, 2017 19:45 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти қотеи Туркия аз мардуми Фаластин

Раисҷумҳури Туркия эълом кард, ин кишвар ба ҳимояти худ аз мардуми Фаластин идома хоҳад дод.

Ба гузориши хабаргузории Анатолия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия эълом кард, мо ба истодан дар канори мардуми ситамдида ва қурбонӣ аз Фаластин гирифта то Сурия, аз Осиё то Африқо идома хоҳем дод .

Вай дар бахши дигаре аз суханонаш аз мавозеи Трамп ба шиддат интиқод карду онро намоди шикасти Амрико дар сиёсатҳои раҳбарии ин кишвар дар минтақа тавсиф кард .

Дар рӯзҳои ахир, тазоҳуроти густардае дар шаҳрҳои мухталифи кишварҳои исломӣ ва ҳатто кишварҳои ғарбӣ баргузор шудааст .

Доналд Трамп рӯзи чаҳоршанбе бо вуҷуди мухолифатҳои густарда, Қудсро ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ба расмият шинохт ва аз Вазорати хориҷаи Амрико хост, то муқаддамоти интиқоли сафорати Амрико аз Тел Авив ба Байтулмуқаддасро фароҳам кунад .