Декабр 10, 2017 21:11 Asia/Dushanbe
  • Рижаи низомӣ дар Бағдод дар ҷашни пирӯзии ниҳоӣ муқобили ДИИШ

Ба муносибати эъломи ниҳоӣ ва расмии пирӯзӣ дар баробари террористҳои ДИИШ дар Ироқ, рӯзи якшанбе рижаи низомӣ дар Бағдод бо ҳузури фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар баргузор шуд.

Дафтари нахуствазири Ироқ дар баёнияе эълом кард, дар ини рижа, Ҳайдар Алъибодӣ, фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи ироқӣ, нерӯҳои артиш ва мубориза бо терроризм, полиси федерал ва бархе дигар аз нерӯҳои мусаллаҳ аз ҷумла Алҳашд Алшаъбӣ ҳузур доштанд .

Нахуствазири Ироқ дирӯз расман, пирӯзии ниҳоӣ дар баробари ДИИШ-ро эълом кард ва дар бораи талошҳои харобкоронаи террористӣ алайҳи миллати Ироқ дар оянда ҳушдор дод .

Террористҳои ДИИШ июни 2014 бо вуруд ба бахшҳое аз шимолу ғарби Ироқ, ин кишварро ноором карданд ва ҷиноёти зиёде муртакиб шуданд .

 

Барчасп