Декабр 12, 2017 14:53 Asia/Dushanbe
  • Интишори асноди маҳрамонаи ҳамкории Оли ‎Сауд бо режими саҳюнистӣ

Рӯзномаи Ашшарқи Қатар бо интишори телеграфҳои маҳрамонаи Вазорати хориҷаи Арабистон, абъоди ҷадидеро аз тавтеаи ин кишвар алайҳи миллатҳои арабӣ ва ба хусус миллати Фаластин фош кард.

Рӯзномаи Ашшарқи Қатар навишт: Риёз 27 декабри 1966 ба сароҳат аз режими саҳюнистӣ хостааст, Синои Мисрро ишғол кунад .

Риёз ҳамчунин зимни талош барои тақвияти режими саҳюнистӣ, ҳамла ба Сурияву ҷудосозии бахше аз онро пешниҳод кардааст .

Рӯзномаи Ашшарқи Қатар афзудааст: Арабистон ҳамчунин аз режими саҳюнистӣ хостааст, Ғазза ва Каронаи Бохтариро дар сайтара ихуд бигирад, то ба ин тартиб роҳи ҳаргуна таҳарруки фаластиниён ва ё талоши ҳар кишвари арабӣ барои озодсозии Фаластин баста шавад .

Риёз бо ин дархост амалан ба дунболи ҳазфи ҳаққи бозгашти оворагони фаластинӣ аст .

Тибқи ин аснод, режими саҳюнистӣ ба диққат барои давраи оддисозии равобит тарҳрезӣ кардааст ва Моссад низ кумакҳои иттилоотии маҳрамона ба дастгоҳи иттилооти Арабистон ироа карда, ки ин кумакҳо аз соли 2012 афзоиш ёфтааст .

Пеш аз ин Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ гуфта буд, равобити Исроил бо бархе аз кишварҳои арабӣ ба сатҳи бесобиқае расидааст .