Декабр 12, 2017 20:41 Asia/Dushanbe
  • Беш аз ҳашт миллион яманӣ дар якқадамии қаҳтӣ

Масъули ҳамоҳангкунандаи умури башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи вазъи ногувори инсонӣ дар Яман ҳушдор дод.

Ба гузориши ИРНА, дар баёнияи Ҷейм Макголдрик, ки шаби Душанбе мунташир шуд, омадааст, ҳашт миллиону 400 ҳазор яманӣ дар якқадамии қаҳтӣ қарор доранд. Дар баёния ҳамчунин омадааст, муҳосираи гузаргоҳҳои Яман сабаби коҳиши шадиди сӯхт, маводи ғизоӣ ва дору дар ин кишвар шуда, ба шумори ниёзмандон ба кумакҳои башардӯстона афзудааст.

Гарретт Кабeлиaри, мудири минтақаии Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ховари Миёна ва Шимоли Африқо пештар гуфта буд, беш аз 11 миллион кӯдаки яманӣ ниёзманди кумакҳои фаврии инсонӣ ҳастанд.  Антониу Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии CNN ҷанги Яманро ҷанги аҳмақона хонд.

Ҷангафрӯзии Арабистон дар Яман то кунун ба кушта ва захмӣ шудани ҳазорон нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.