Боҷ надодани шоҳзода Бин Таллол; дарди сари тоза барои Бин Салмон
(last modified 2017-12-13T02:41:51+00:00 )
Декабр 13, 2017 07:41 Asia/Dushanbe
  • Боҷ надодани шоҳзода Бин Таллол; дарди сари тоза барои Бин Салмон

Рӯзномаи байналамиллалии арабзабони “Раъй алявм” навишт:Худдории бархе шоҳзодаҳои боздоштшудаи Арабистон, валиаҳди ин кишварро ба дарди сар андохтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, нашрияи арабзабони байналамиллалии “Раъй алявм” навишт:Манбаъҳои олирутба дар Париж ба ин нашрия эълом карданд,ки фиристодаи вежаи Эмманюэл Макрон- раиси ҷумҳури Фаронса ба ҳамроҳи сафири ин кишвар дар Риёз бо гурӯҳе аз шоҳзодагони боздоштшуда дар меҳмонхонаи Ритс Карлтони шаҳри Риёз дидор кардааст, ки дар ин дидор Валид бин Таллол ҳар гуна тафоҳумро рад карда ва хостор муҳокимаи ошкор шудааст.

 “Раъй алявм” гузориш дод: Бархе аз шоҳзодагон бо тафоҳум ва додани бахше аз дороиҳои худ ба ҳисоби мақомоти саудӣ ва вобаста ба дарбор ва таҳти назорати Муҳаммад бин Салмон мухолифат меварзанд, ки раҳбари ин ҷараёни мухолиф ҳам Валид бин Таллол аст.

 Ин расонаи арабзабон навишт: Бо гузашти як моҳ  Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон худро дар тангнои ҷиддӣ ва воқеӣ гирифтор мебинад, зеро на метавонад шоҳзодаҳоро ба таври ошкор муҳокима кунад ва на метавонад онҳоро бидуни дарёфти бахше аз дороиҳояшон озод кунад, зеро озод кардан ба ин шакл маънои сафед карданро дорад.