Декабр 13, 2017 18:23 Asia/Dushanbe
  • Аббос: Исроил марзе надорад то пойтахт дошта бошад

Раиси Ташкилоти худгардони Фаластин гуфт: Исроил марзе надорад, пас наметавон барои он пойтахт муаррифӣ кард.

Ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, Маҳмуд Аббос дар иҷлоси фавқулодаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар Истанбули Туркия бо радди тасмими Амрико барои муаррифии Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ таъкид кард: То замоне, ки Қудс ба унвони пойтахти Фаластин муаррифӣ нашавад, дигар музокироте барои сулҳ вуҷуд нахоҳад дошт .

Раиси Ташкилоти худгардони Фаластин афзуд: “Англия 100 соли пеш бо эъломияи Балфур ба саҳюнистҳо, ки ҳаққе надоштанд, тааҳҳудоте дод ва шарики аслии ин иқдом Амрико буд. Имрӯз низ Доналд Трамп дар идома, Қудсро ба саҳюнизм ҳадия дод”.

Вай таъкид кард: “Қудс, пойтахти давлати Фаластин буда ва то абад пойтахти давлати Фаластин боқӣ хоҳад монд”.

Маҳмуд Аббос гуфт: Амрико пас аз убур аз хутути қирмиз, дигар нақши миёнҷигарии худро дар музокироти сулҳ аз даст додааст ва Фаластин дигар намепазирад, ки Амрико дар раванди сиёсӣ нақше дошта бошад .