Декабр 16, 2017 19:02 Asia/Dushanbe
  • Барномаи Пентагон барои омӯзиши террористҳо дар Сурия

Вазорати дифои Русия эълом кард, Вазорати дифои Амрико (Пентагон) дар омӯзиш ва ҳимоят аз террористҳо дар Сурия нақш дорад.

Вазорати дифои Русия рӯзи шанбе эълом кард, мураббиёни низомии амрикоӣ дар Сурия, воҳидҳои мусаллаҳи террористҳоро омӯзиш медиҳанд.

Дар ин баёния омадааст, дар устони Ал Ҳасакаи Сурия аз шаш моҳ қабл Пентагон дар урдугоҳҳо омӯзиш ва ҳимоят аз гурӯҳҳои террористиро оғоз кардааст.

Вазорати дифои Русия, ҳамчунин гузориш дод, ҳудуди 800 террорист дар ин урдугоҳҳои омӯзиш дидаанд ва ба манотиқи ҷанубии Сурия эъзом мешаванд.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия низ дар бораи истифодаи Амрико аз гурӯҳҳои террористӣ гуфтааст, неруҳои амрикоӣ дар Сурия борҳо аз мубориза ва саркӯби террористҳо худдорӣ карданд ва бар асари иқдомоти низомиёни амрикоӣ, террористҳо аз ҳалокат наҷот ёфтанд.

Русия борҳо аз Амрико ба далели ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия барои пешбурди аҳдофи худ, интиқод кардааст.

Амрико ва шарикони ғарбӣ ва арабии ин кишвар аз ҳомиёни молӣ ва таслиҳотии гурӯҳи террористии ДИИШ, башумор мераванд.

 

Барчасп