Декабр 16, 2017 19:26 Asia/Dushanbe
  • Ҳания: Заррае аз Қудс чашмпӯшӣ намекунем

Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) дар маросими ба хоксупории пайкарҳои шуҳадои интифозаи Қудс, зимни ибрози итминон аз пирӯзии мардуми Фаластин, таъкид кард, заррае аз Қудси шарқӣ ва ғарбӣ чашмпӯшӣ намекунем.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Фаластин ал Явм”, маросими ҷанозаи чаҳор шаҳиди интифозаи Қудс, дар каронаи бохтарии руди Урдун ва навори Ғазза, ки дирӯз "ҷумъаи хашм", тавассути низомиёни режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расиданд, имрӯз шанбе бо ҳузури ҳазорон нафар аз мардуми Фаластин, Исмоил Ҳания ва дигар фармондеҳони гурӯҳҳои фаластинӣ баргузор шуд. Ҳания дар ин маросим таъкид кард, шуҳадо, ҳуҷҷатро бар ҳамагон тамом карданд, ки мардуми Фаластин мухолифи хорӣ ва ақибнишинӣ аст, мардуми Фаластин ба хотири Қудс ва лағви тасмими давлати Амрико меҷанганд ва шаҳид Абу Сурайё, намунаи он аст.

Иброҳим Абусураё, ҷавони ҷонибози 29 солаи фаластинӣ, ки дар соли 2008 дар ҳамлиа ҳавоии Исроил, ду пойи худро аз даст дода буд, дирӯз ҷумъа, ҳадафи гулӯлаи тактирандози исроилӣ дар шарқи Ғазза қарор гирифт ва шаҳид шуд.

Вай афзуд, ҳеҷ мавҷуде рӯйи замин наметавонд ин ҳақиқатро, ки Қудс мутааллиқ ба фаластиниён аст тағйир диҳад ва мо ба пирӯзии худ дар ин ҷанг яқин дорем ва аз Қудси муттаҳид  на аз бахши шарқӣ ва на аз бахши ғарбии он, заррае чашмпӯшӣ намекунем.

Ҳазорон нафар аз мардуми Фаластин рӯзи гузшта (ҷумъа), бо ширкат дар роҳпаймоии саросарии эътирозомез, тасмими Трамп- раисиҷумҳури Амрикоро дар бораи Қудс, маҳкум карданд.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико 5-уми декабр, Қудсро ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ муаррифӣ кард, ки бо мухолифати шадиди ҷаҳонӣ мувоҷеҳ шудааст.