Декабр 18, 2017 16:51 Asia/Dushanbe
  • Кашфи гӯри ҷамъии саркадаҳои ДИИШ дар Ироқ

Шӯрои устондории Диёлаи Ироқ аз кашфи як гӯри ҷамъӣ бо 50 ҷасад аз саркардаҳои ДИИШ, дар Ал Мутибиҷа хабар дод.

Ба хабаргузории "Форс", раиси Комиссиюни амният дар Шӯрои устондории Диёлаи Ироқ, эълом кард, нерӯҳои амниятии Ироқ бо кумаки нерӯҳои Ал Ҳашд-уш Шаъбӣ, ин гӯри ҷамъӣ, ки баёнгари мизони хисороти ворида ба такфириҳо дар Ал Мутибиҷаро ёфтанд.

Содиқ ал Ҳусайнӣ афзуд, ин гӯр комилан махфӣ шуда буд ва як минтақаи сиррӣ барои ДИИШ ба шумор мерафт ва ДИИШ қасд дошт ҳувияти мақтулонро пинҳон кунад.

Нерӯҳои амниятӣ, артиш ва Ал Ҳашд-уш Шаъбӣ поксозии минтақаи Ал Мутибиҷа аз дасти аносури хомуши ДИИШ-ро оғоз кардааст.