Ҷунбиши Фатҳ: Трамп ба думболи боҷгирӣ аз кишварҳо аст
Ҷунбиши фаластинии Фатҳ, раисиҷумҳури Амрикоро ба боҷгирӣ муттаҳам кард.
Ба гузориши ИРНА, Ҷунбиши фаластинии Фатҳ дар баёнияе эълом кард, Трамп бо таҳдид кардани кишварҳо ба қатъи кумакҳои молӣ дар сурати раъй додани онҳо ба қатъномаи ҳимоят аз Қудс, боҷгирӣ мекунад.
Раисиҷумҳури Амрико чаҳоршанбе шаб кишварҳоеро, ки қасд доранд алайҳи тасмими Вашингтон дар бораи Қудс иқдом кунанд, таҳдид кард ва гуфт, Вашингтон кумакҳои молиашро ба кишварҳое, ки қасд доранд дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, алайҳи тасмими Вашингтон дар бораи Қудс раъй диҳанд, қатъ хоҳад кард.
Пас аз онки Амрико рӯзи душанбе қатъномаи пешниҳодии Мисрро дар бораи Қудс дар Шӯрои амният вето кард, Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ташкили ҷаласаи рӯзи панҷшанбе дар бораи вазъияти Қудс, хабар дод.
14 узви Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба қатъномаи пешниҳодии Миср дар бораи Қудс, раъй мусбат дода буданд.
Дар пешнависи ин қатънома омада буд, «ҳар тасмим ва иқдоме, ки ба манзури тағйири ҳувият, вазъият ё таркиби ҷамъиятии шаҳри муқаддаси Қудс анҷом шавад, таъсири ҳуқуқӣ надорад ва бояд тибқи қатъномаҳои муртабити Созмони Милали Муттаҳид, лағв шавад».
Ин пешнавис ҳамчунин аз ҳамаи кишварҳо хост, тибқи қатънома 478 Шӯрои амният, аз таъсиси намояндагии дипломатӣ, сафоратхона ва консулгарӣ дар Қудс, худдорӣ кунанд.
Қудс, ки Масҷидулақсо- нахустин қиблаи мусулмононро дар худ ҷо дода, аз соли 1967 дар ишғоли режими Исроил аст.