Трамп дар тадоруки тарҳҳои ҷадид алайҳи фаластиниёну Қудс
(last modified Sun, 24 Dec 2017 10:28:31 GMT )
Декабр 24, 2017 15:28 Asia/Dushanbe
  • Трамп дар тадоруки тарҳҳои ҷадид алайҳи фаластиниёну Қудс

Раисҷумҳури Амрико дар чорчӯби масъулиятнопазирии худ дар қиболи иқдомоташ дар вахомати шароити марбут ба муноқишаи мавҷуд дар минтақаи Ховари Миёна алорағми ҳушдорҳои ҷаҳонӣ ба ирсоли паёмҳои манфӣ ба миллати Фаластин ва мусалмонон идома медиҳад.

Решаи рафторҳои зиддифаластинӣ ва зиддиисломии Трампро бояд дар боварҳои фикрии ӯ ба унвони яке аз ҳомиёни масеҳии саҳюнизм ҷустуҷӯ кард. Дар буъди байналмилалӣ низ раисҷумҳури Амрико ҳеҷ эътиқоде ба ҳеҷ шевае аз ҳамзистӣ, маҳори буҳронҳо дар сатҳи минтақаӣ ва ҷаҳон надорад, аз ин рӯ, аз замони рӯйи кор омадан бо иқдомоти таҳрикомезаш бар ин буҳронҳо доман задааст. Мавозеи таҳрикомези Трамп дар шиносоии Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ва тасмими интиқоли сафорати Амрико ба ин шаҳр яке аз ин иқдомоти таҳрикомез аст. Ин дар ҳолест, ки бо таваҷҷуҳ ба иттилооти бадастомада аз бархе манобеи мувассақ давлати Амрико қасд дорад, ба зудӣ тарҳҳои бисёр хатарноктареро дар бораи Қудси ишғолӣ ва Фаластин ироа диҳад. Дар ин замина Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос таъкид кард, бо таваҷҷуҳ ба иттилооти бадастомада аз бархе манобеи мувассақ давлати Амрико қасд дорад, ба зудӣ тарҳҳои бисёр хатарноктареро дар бораи Қудси ишғолӣ ва Фаластин ироа диҳад. Ӯ афзуд, аз ҷумла метавон ба тасмими Амрико барои ба расмият шинохтани Исроил ба унвони давлати яҳудӣ, ҳамроҳ кардани шаҳракҳои саҳюнистнишин ба ҳудуди таҳти султаи он ва эъломи лағви ҳаққи бозгашти оворагони фаластинӣ ба Ватанашон ишора кард.

Ҳадафи аслии Трамп аз матраҳ кардани тарҳи ба расмият шинохтани режими саҳюнистӣ ба унвони як давлати яҳудӣ фароҳам овардани шароит барои ихроҷи тамоми фаластиниён аз сарзамини Фаластин ва мамониат аз ташкили кишвари Фаластин бо пойтахти Қудс ва ба таври куллӣ барҳам задани комилҳуқуқии фаластиниҳост. Гузашти замон нишон медиҳад, ки таҳлили рафторҳои тоҷири қадимие, ки аз қазо унвони раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаро ба худ ихтисос дода, дигар ба ҳеҷ ваҷҳ осон нест. Бархе мегӯянд, танҳо ҳадафи Трамп барҳам задани назми мавҷуд ба умеди тасоҳуби дастоварди ҷадид барои саҳюнистҳо дар сояи таҳти фишор қарор додани фаластиниҳост. Эътиқоди иддаи дигаре ин аст, ки раисҷумҳури ҷадиди Амрико ба ин хотир, ки намехоҳад аз садри ахбор поин биёяд, даст ба ҳар рафтори ҳамоқатбор мезанад. Бархе ӯро раисҷумҳуре медонанд, ки ҳамчунон як сол пас аз роҳёбӣ ба Кохи Сафед ба дунболи исботи худ ва ваъдаҳояш ба раъйдиҳандагон аст ва бар ин асос як ба як ваъдаҳои орӣ аз тадбир додашударо бидуни таваҷҷуҳ ба оқибатҳои он иҷро мекунад. Дар ин миён таҳлилгарони амркоие монанди Томас Фрайдман низ дар ташреҳи вазъияти Трамп ӯро ба сайёҳе ташбеҳ мекунад, ки автобуси худро гум кардааст.

Доналд Трамп талош мекунад, ҷаҳонро ба такя додан ба раисҷумҳури ҷадид бо тасмимоти ғайри қобили пешбинӣ дар Кохи Сафед одат бидиҳад ва барои боло бурдани пазириши умумӣ дар ин замина даст ба интихобҳои ҳамоқатбортаре мезанад ва матраҳ шудани тарҳҳои хатарноктари Трамп дар бораи Қудс дар ин чорчӯб қобили арзёбӣ аст. Аммо ин тадорукоти Трамп натиҷае ҷуз шуълавартар кардани интифозаи савуми фаластиниҳо, ки дар вокуниш ба тасмимоти ӯ дар бораи Қудс оғоз шудааст, натиҷаи дигаре нахоҳад дошт. Интифозаи савуми фаластиниҳо бо вижагии густараи фарогираш, ки аз он таҳти унвони интифозаи арабӣ ва исломӣ ёд мешавад, беш аз пеш муодилоти режими саҳюнистӣ ва ҳомиёнашро барҳам задааст ва онҳо нобоварона нокомии дигари худро дар қиболи тавтеаҳояшон дар робита ба Қудсро назорагар ҳастанд. Таҳаввулоти минтақа дар рӯзҳои ахир инъикоскунандаи нокомиҳои сиёсатҳои ховаримиёнаии Амрико дар пайи исрори Трамп бар сиёсатҳои муғризонааш дар бораи Қудс аст. Мунзавитар шудани Амрико дар арсаи байналмилалӣ ва коҳиши нуфуз дар маҷомеи байналмилалӣ баёнгари оғози коҳиши беш аз пеши қудрати Амрикои даврони Трамп дар арсаи сиёсӣ ва дипломатӣ аст.