Фаластин ва Девони Байналмилалии Кайфарӣ
(last modified Mon, 25 Dec 2017 12:23:58 GMT )
Декабр 25, 2017 17:23 Asia/Dushanbe
  • Фаластин ва Девони Байналмилалии Кайфарӣ

Чаҳор ниҳоди ҳуқуқии фаластинӣ аз режими саҳюнистӣ ба сабаби иртикоби ҷиноят алайҳи мардуми Ғазза ба Девони Байналмилалии Кайфарӣ шикоят карданд.

Маркази ҳуқуқи башари “Мизон”, Маркази ҳуқуқи башари “Фаластин”, Муассисаи ҳуқуқи башари “Ҳақ” ва Муассисаи ҳуқуқи башари “Замир”, чаҳор ниҳоди ҳуқуқии фаластинӣ ҳастанд, ки аз режими саҳюнистӣ ба сабаби ҷиноят зидди сокинони борикаи Ғазза дар ҷанги 50 рӯзаи соли 2014 ба Девони Байналмилалии Кайфарӣ шикоят карданд.

Девони Байналмилалии Кайфариро метавон яке аз муҳимтарин ниҳодҳои ҳуқуқӣ дар сатҳи низоми байналмилал донист, ки сабаби эҷоди таҳаввул дар ҳуқуқи байналмилал шудааст. Заиф кардани усули суннатие назири масунияти мақомоту ҳокимияти давлатҳо аз ҷумлаи ин таҳаввул аст. Агарчӣ ҷиноятҳое назири ҷиноят алайҳи башарият, ҷинояти ҷангӣ ва наслкушӣ пеш аз амалӣ шудани асосномаи Девони Байналмилалии Кайфарӣ, мавсум ба асосномаи “Рум” дар конвенсиюнҳову паймонномаҳои зиёди ҳуқуқи байналмилал низ матраҳ шуда буданд, аммо дар асосномаи Девони Байналмилалии Кайфарӣ барои расидагӣ ба ин ҷиноятҳо роҳкор низ таъйин шудааст. Мутобиқи ин асоснома, дар се сурат як парванда ба девон ирҷоъ (вогузор, таҳвил, фиристодан) дода мешавад: дар сурате, ки кишвари ирҷоъдиҳанда узви девон бошад, дар сурате, ки Шӯрои амният хоҳони расидагӣ ба парвандае бошад ва ё дар сурате, ки додситони девон парвандаеро ба девон ирҷоъ диҳад. Дар ин сурат девон ба он парванда расидагӣ хоҳад кард ва дар мавориде назири мавзӯи Либия дар соли 2011 Шӯрои амният метавонад бо истинод ба гузориши девон ва дар қолаби асли “Масъулияти ҳимоят” мудохилаи низомӣ кунад.

Фаластин узви расмии Девони байналмилалии Кайфарӣ аст ва метавонад ҷиноятҳои режими саҳюнистиро ба ин девон ирҷоъ диҳад. Бар ин асос, Роҷи Ассурони, раиси Маркази фаластинии ҳуқуқи башар рӯзи 16-уми марти соли 2017 дар нишасти ин марказ дар шаҳри Хон Юнус, ҷануби борикаи Ғазза, аз ироаи шаш шикоят алайҳи режими саҳюнистӣ ба Девони Байналмилалии Кайфарӣ хабар дод ва акнун низ чаҳор ниҳоди ҳуқуқии Фаластин аз режими саҳюнистӣ ба Девони Байналмилалии Кайфарӣ шикоят кардаанд. Ин шикоят марбут ба ҷанги соли 2014 –и режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза аст, ки тайи 50 рӯз беш аз ду ҳазору 300 фаластинӣ, аз ҷумла 546 кӯдак ва 247 зан кушта шуданд. Агарчӣ меҳвари шикояти ахир ба девон ҷанги соли 2014 аст, аммо гурӯҳҳову давлати фаластинӣ метавонад ба далели муҳосираи ҳамаҷонибаи Ғазза, ки паёмадҳои вахими инсонӣ доштааст ва ҳамчунин ба далели хушунатҳои ахир ва албатта ба далели идомаи шаҳраксозӣ низ аз ин режим ба Девони Байналмилалии Кайфарӣ шикоят кунанд.

Бо тавваҷуҳ ба моҳияти коркардии Девони Байналмилалии Кайфарӣ, расидагӣ ба ин ҷиноятҳо метавонад ба салб (маҳрум кардан, бардоштан) -и масуният аз Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими Исроил ва судури ҳукми боздошти вай мунҷар шавад, зеро он чӣ режими саҳюнистӣ бо дастури Натанёҳу алайҳи фаластиниҳо, ба хусус алайҳи Ғазза анҷом медиҳад, аз мисдоқҳои боризи ҷинояти ҷангӣ, ҷиноят алайҳи башарият ва наслкушӣ ва ҳатто ҷурму таҷовуз аст.