Эъдоми 15 тан дар Миср ба ҷурми иқдомоти террористӣ
(last modified Tue, 26 Dec 2017 13:46:16 GMT )
Декабр 26, 2017 18:46 Asia/Dushanbe
  • Эъдоми 15 тан дар Миср ба ҷурми иқдомоти террористӣ

Миср рӯзи сешанбе ҳукми эъдоми 15 шибҳинизомиро ба ҷурми даст доштан дар ҳаводиси террористи саҳрои Сино, ки дар он чанд нерӯи пулис, артиш ва масъулони додгоҳи Миср кушта шуда буданд, иҷро кард.

Ба гузориши шабакаи хабарии “Аския нюс”, манобеи амнияти Миср эълом карданд, ҳукмҳои эъдом пас аз дархости таҷдиди назар бар асоси Қонуни ҷазои ҷиноӣ ва таъйиди ниҳоӣ иҷро шуд. Ин афрод пештар ба далели иртикоби ҷиноят алайҳи низомиёни мисрӣ дар саҳрои Сино ба эъдом маҳкум шуда буданд.

Гузоришҳо ҳокист, ки террористҳои “Ансори Байтулмуқаддас”, гурӯҳи вобаста ба ДИИШ дар шимоли Сино фаъолият намуда, нерӯҳои амниятию низомии Миср ва ғайринизомиёнро ҳадаф қарор медиҳанд. Хатарноктарин гурӯҳҳои ифротӣ дар шибҳиҷазираи Сино гурӯҳи мавсум ба “Ансори Байтулмуқаддас” аст, ки пас аз байъат бо гурӯҳи террористии ДИИШ номи худро ба “Вилояти Сино” тағйир дод.