Декабр 26, 2017 20:31 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди муҳлати боздошти духтари ҷавони фаластинӣ дар додгоҳи низомии режими саҳюнистӣ

Додгоҳи низомии режими саҳюнистӣ муддати боздошти духтари ҷавону хабарсози ин рӯзҳои Фаластинро тамдид кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Алаҳд”-и Лубнон, низомиёни режими саҳюнистӣ авоили ҳафтаи гузашта Аҳд Алтамимиро пас аз ҳамла ба хонааш дар рустои Набӣ Солеҳ дар шимолу ғарби Ромуллоҳ рабуда, ба макони номаълуме мунтақил карданд. Режими саҳюнистӣ ин духтари ҷавонро ба ҳамла ба низомиёни саҳюнист ва сили задан ба яке аз онҳо муттаҳам кардааст. Додгоҳи низомии режими саҳюнистӣ муддати боздошти Аҳд Алтамимиро чаҳор рӯзи дигар тамдид кард ва озодии ӯро ба шарти берун нарафтан аз ҷойи иқомат то замони муҳокима напазируфт. Режими Исроил ҳамчунин модар ва яке аз бастагони ин духтари 17-солаи фаластиниро ҳам баъд аз боздошти ӯ дастгир кард.

Аҳд Алтамимӣ ин рӯзҳо ба машҳуртарин чеҳраи зиддисаҳюнистӣ табдил шудааст. Ӯ пеш аз ин низ бо сабаби талоши фаровон барои наҷоти бародараш аз дасти низомиёни саҳюнист, ки филми он дар ҷаҳон мунташир шуд, машҳур шуда буд.