Радди иддаои хунсо шудани кудато алайҳи амири Қатар
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i27583-Радди_иддаои_хунсо_шудани_кудато_алайҳи_амири_Қатар
Сафорати Қатар дар Анкара чаҳоршанбешаб дар баёнияе иддаои маҷаллаи туркияиро дар бораи хунсосозии кудато алайҳи амири Қатар ба дасти нерӯҳои Туркия, такзиб кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Декабр 28, 2017 14:25 Asia/Dushanbe
  • Радди иддаои хунсо шудани кудато алайҳи амири Қатар

Сафорати Қатар дар Анкара чаҳоршанбешаб дар баёнияе иддаои маҷаллаи туркияиро дар бораи хунсосозии кудато алайҳи амири Қатар ба дасти нерӯҳои Туркия, такзиб кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, маҷаллаи “Ҳаёт”-и Туркияи рӯзи душанбе муддаӣ шуда буд, нерӯҳои эъзомии Туркия ба Қатар ахиран тавонистаанд кудато алайҳи шайх Тамим бин Ҳамд оли Сонӣ, амири ин кишварро хунсо кунанд.

Бар асоси иддаои ин маҷалла, панҷуми июн ҳудуди 200 нерӯи вижаи артиши Туркия дастур доштанд аз маҳалли зиндагии амири Қатар муҳофизат кунанд то аз ҳар гуна талоши низомӣ барои барандозии ҳукумати вай ҷилавгирӣ шавад.

Сафорати Қатар дар Туркия дар ин баёния таъкид кардааст, ин гузориш ба ҳеч ваҷҳ воқеият надорад, аммо талошҳои сиёсӣ ва дӯстону муттаҳидони Қатар, аз ҷумла Кувайту Туркия монеъ аз шиддат ёфтани таниши низомии кишварҳои арабии халиҷи Форс алайҳи Доҳа шудааст.

Расонаҳои Туркия, аз ҷумла рӯзномаҳои “Дейли Сабоҳ” ва “Йени Шафақ” ҳам дар рӯзҳои гузашта хабари кудато алайҳи амири Қатарро дар сатҳи васее пӯшиш дода буданд.