Ҳамлаи террористӣ ба як калисо дар Қоҳира
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i27631-Ҳамлаи_террористӣ_ба_як_калисо_дар_Қоҳира
Дар ҳамлаи мусаллаҳона ва тирандозии рӯзи ҷумъа ба калисои “Мармина” дар Ҳелван, ҷануби Қоҳира, пойтахти Миср 9 нафар кушта ва 10 нафар захмӣ шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 29, 2017 19:19 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи террористӣ ба як калисо дар Қоҳира

Дар ҳамлаи мусаллаҳона ва тирандозии рӯзи ҷумъа ба калисои “Мармина” дар Ҳелван, ҷануби Қоҳира, пойтахти Миср 9 нафар кушта ва 10 нафар захмӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, панҷ террорист дар ҳамла ба калисои “Мармина” ширкат доштанд, ки нерӯҳои амниятӣ се тан аз террористҳоро куштанд ва як нафарро дастгир карданд. Нерӯҳои амниятӣ ҳамчунин ду бомби дастсозро дар атрофи калисо кашфу хунсо карданд.

24-уми ноябр низ дар ҳамлаи аносири мусаллаҳ ба масҷиди «Арравза» дар Синои Миср, ки махфигоҳи тундравҳо, бавижа гурӯҳҳои вобаста ба ДИИШ аст, 305 тан кушта ва 128 нафар маҷрӯҳ шуд.