Индепендент: Сиёсатҳои Бен Салмон барҳамзанандаи субот ва амнияти минтақа аст
Рӯзномаи Индепенденти Англия дар матлабе навишт: Сиёсатҳои Муҳаммад Бен Салмон, валиаҳди Арабистон на танҳо барои вай дастоварде надошта, балки боиси барҳам хурдани амнияту суботи минтақа бахусус Яман шудааст.
Индепендент навишт: Соли 2018 бо поёни умри ДИИШ, шоҳиди субот дар Ироқу Сурия хоҳад буд, аммо бесуботиҳо ба шибҳҷазираи Арабисто бахусус ҷануб яъне Яман кашида хоҳад шуд.
Патрик Кокберн дар ин матлаб навишт: Бесуботиҳо ва ноамниҳо дар ин минтақа хушунатбортар аст, чун 8 миллион нафар дар натиҷаи таҷовузи Арабистон алайҳи ин кишвар ва муҳосираи он бо гуруснагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд ва илова бар он як миллион яманӣ ба вабо мубтало шудаанд, ки бештарин омор дар тӯли торих аз шуюи ин беморӣ аст .
Кокберн меафзояд, бесуботӣ, ки шибҳҷазираи араб шоҳиди он аст, натиҷаи сиёсатҳоест, ки Муҳаммад Бен Салмон дар пеш гирифта ва ҳамчунин натиҷаи дидори Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар моҳи майи гузашта аз Риёз аст.
Ин рӯзноманигор ҳамчунин навишт: Амрикову ғарб бо Арабистон ба унвони як қудрати минтақаӣ дар Ховари Миёна бархурд мекунанд, чун онҳо ниёзманди ин ҳастанд, ки силоҳҳои худро ба ҳампаймонони худ дар ҳошияи Халиҷи Форс бифурӯшанд .