Январ 06, 2018 09:51 Asia/Dushanbe
  • Фатвои “Ал-Азҳар” дар бораи муҷозоти террористҳо

Муовини шайхи “Ал-Азҳар” таъкид кард, куштани террористҳо аз назари шаръӣ воҷиб аст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Ан-Наҳор”, Аббос Шуман, муовини шайхи “Ал-Азҳар” эълом кард, куштани террористҳо барои нерӯҳои артиш ва полис аз назари шаръӣ воҷиб аст, аммо ин донишгоҳи исломӣ наметавонад дар бораи кофир будани террористҳо назаре бидиҳад.

Шуман афзуд, шайхҳои “Ал-Азҳар” наметавонанд дар бораи кофир будан ё боимон будани касе ҳукм диҳанд, зеро ин гуна масоил дар ҳавзаи ихтиёроти дастгоҳи қазоӣ аст.

Бино бар эъломи муовини шайхи “Ал-Азҳар”, агар як террорист дар ҳоли муҳокима ҳатто ба дурӯғ бигӯяд, ба дини Ислом бозгаштаву шаҳодатайн бихонад, ин руҷуъ ба дини Ислом мунҷар ба пок шудани гузаштаи вай мешавад ва дар натиҷа қозӣ набояд вайро ба хотири куфраш муҳокима кунад.