Январ 10, 2018 14:31 Asia/Dushanbe
  • Фаластин, Бештарин оворагонро дар ҷаҳон дорад

Маркази мутолиот ва таҳқиқоти мустақили Алзайтуна дар Лубнон эълом кард: Маҷмуъи ҷамъияти фаластиниён то аввалҳои имсол ба ҳудуди 13 миллион нафар расид ва ниме аз онон дар хориҷ аз заминҳои Фаластин зиндагӣ мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории "Анатоли", бар асоси гузориши ин марказ  оворагони фаластинӣ ҳамчунон болотарин дарсади оворагонро дар ҷаҳон ба худ ихтисос додаанд.

Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст, афзоиши ҷамъияти фаластиниён  мақомҳои режими саҳюнистиро нигарон карда ва онон барои муқобила бо ин масъала густариши шаҳраксозиро дар дастури кор қарор додаанд.

Шаҳраксозӣ муҳимтарин роҳкори режими саҳюнистӣ барои тағири бофти ҷамъиятӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ аст; ба тавре ки  ҳатто қатъномаи 2334-и Шурои амнияти Созмони миллали муттаҳид дар маҳкумияти шаҳраксозӣ низ боиси мутаваққиф кардани режими саҳюнистӣ дар ин хусус нашудааст.