Январ 10, 2018 18:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати муфтии ДИИШ дар Киркуки Ироқ

Муфтии ДИИШ дар амалиёти низомӣ дар ҷануби устони Киркуки Ироқ ба ҳалокат расид.

Ба нақл аз Сумария Ниюз, Алӣ Алҳусайнӣ, сухангуи нерӯҳои басиҷи мардумии Ироқ гуфт: Дар ин амалиёт, ки наздики яке аз рустоҳои шаҳристони Дақуқ дар ҷануби Киркук анҷом шуд, Абдулқодир Алъазӣ, муфтии ДИИШ дар Киркук бо се нафар аз ҳамроҳонаш ба ҳалокат расиданд.

Алҳусайнӣ афзуд: Нерӯҳои амниятӣ ва басиҷи мардумӣ ба таъқиби аносури ДИИШ дар Алҳувайҷа дар ҷануби ғарби Киркук ва атрофи он идома медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, Рокон Алҷабурӣ, устондори Киркук дар дидор бо як мақоми норвегияӣ дар умури оворагон аз нобудии комили 116 русто дар Киркук ба дасти ДИИШ хабар дод ва гуфт: Манотиқи ҷанубӣ ва ғарбии Киркук шоҳиди бештарин вайронӣ дар Ироқ будааст, чун гурӯҳи террористии ДИИШ беш аз се сол ин манотиқро дар ишғоли худ дошт ва зерсохтҳои онро нобуд кард.  

Агарчи созмон ва ташкилоти ДИИШ дар Ироқ ва Сурия нобуд шудааст, аммо аъзои ин гурӯҳи террористӣ ҳамчунон ба сурати пароканда ба иқдомоти террористӣ даст мезананд.

 

Барчасп