Январ 11, 2018 09:41 Asia/Dushanbe
  • Суханони мастонаи писари Натанёҳу ҷанҷол офарид

Суҳбатҳои писари нахуствазири режими саҳюнистӣ дар ҳоли мастӣ барои падараш дардисарсоз шудааст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Алолам”, интишори навори савтии изҳороти Яир Натанёҳу, писари 26 солаи нахуствазири режими саҳюнистӣ, ки дар ҳолати мастӣ иттилооти маҳрамонаеро ба забон оварда, боиси ҷанҷоли расонаӣ барои падараш шудааст.

Шабакаи 10-и телевизиони Исроил рӯзи душанбе навори савтиро мунташир карда, ки дар он Яир ба писари як сармоядори фаъол дар саноеи газ мегӯяд, қарордоди 20 миллиарддолларии истихроҷи газ аз савоҳили шарқии баҳри Миёназамин, ки насиби ширкати падари ӯ шуда, натиҷаи иқдоми Бенёмин Натанёҳу будааст.

Писари Натанёҳу аз ин ки дӯстонаш ба ӯ барои иртибот бо руспиҳо (танфурӯшҳо) пул қарз намедиҳанд, гила кардаву мегуяд: “Падари ман қарордоди 20 миллиарддолларӣ барои падари ту фароҳам карду ту наметавонӣ 115 доллар аз онро ба ман бидиҳӣ?”.

Яир Натанёҳу бо интишори баёнияе аз суҳбатҳояш узрхоҳӣ кардаву Бенёмин Натанёҳу низ гуфтааст, изҳороти писараш таҳти таъсири масрафи алкул (шароб) будаву бемаънӣ ҳастанд.

Полиси режими Исроил бештар аз як сол аст, ки нахуствазиру хонаводаи ӯро ба хотири парвандаҳои фасоди молӣ таҳти бозҷӯӣ ва таҳқиқот қарор додааст.