Январ 15, 2018 15:47 Asia/Dushanbe
  • Вуруди густурдаи таҷҳизоти низомии Туркия ба марзҳои Сурия

Манобеи хабарӣ аз вуруди густурдаи нерӯ ва таҷҳизоти низомӣ ба марзҳои Сурия дар устони “Hatay”, дар ҷануби Туркия барои анҷоми амалиёти низомии эҳтимолӣ дар минтақаи “Afri”, дар шимолу ғарби устони Ҳалаби Сурия, хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Анатолия”-и Туркия , шоҳидони айнӣ эълом карданд, теъдоде аз худравҳои муҷаҳҳаз ба таҷҳизоти низомӣ ва нафарбар дирӯз (якшанбе) дар миёни тадобири амниятии шадид, вориди шаҳри “Reyhanlı”- устони “Hatay”-иТуркия дар марзи Сурия шуд.

Дар ҳамин ҳол манобеи низомии Туркия, аз вуруди ягонҳои пуштибонии ҷадиди артиши ин кишвар ба устони “Şanlıurfa” дар ҷанубу шарқи ин кишвар хабар доданд.

Ягонҳои тӯпхонаи артиши Туркия рӯзи шанбе мавозеи неруҳои курдро дар атрофи шаҳри “Afri”, гулӯлаборон карданд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия ҳам дирӯз (якшанбе) эълом кард, артиши Туркия ба зуддӣ ба шаҳри “Afri” дар шимоли Сурия, ҳамла мекунад.

Туркия аз 24 августи 2016 амалиётеро таҳти унвони “сипари Фурот” дар шимоли Сурия оғоз ва эълом кард, ки дар назар дорад, минтақае амн ба вусъати панҷ ҳазор километри мураббаъ дар шимоли Сурия эҷод кунад.

 

Барчасп