Хохоми яҳудӣ: Дини яҳуди Исроилро ба расмият намешиносад
(last modified Sat, 20 Jan 2018 14:03:13 GMT )
Январ 20, 2018 19:03 Asia/Dushanbe
  • Хохоми яҳудӣ: Дини яҳуди Исроилро ба расмият намешиносад

Як хохоми яҳудӣ гуфт, дин яҳуд аз ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ алайҳи миллати Фаластин мубарро аст ва ҳаргиз Қудсро пойтахти "Исроил", надонистааст.

Yasserul David Wies, хохоми яҳудӣ дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “Ал Аҳром”-и Миср таъкид кард, бо тасмими Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар мавриди шаҳри Қудс, мухолиф аст.

Вай гуфт, тасмими Трамп, ки Қудсро пойтахти режими саҳюнистӣ эълом кард, зулму ситам дар ҳаққи миллати Фаластин аст ва дини яҳуд ҳаргиз инро намепазирад.

Ин хохоми яҳудӣ афзуд, дини яҳуд ҳаргиз Қудсро пойтахти Исроил, надониста ва ҳамеша ба сулҳу созиш даъват кардааст.

Вай гуфт, ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ ва иқдомоте чун поймол кардани ҳуқуқи дигар адён ва нақзи қавонин ва муоҳидаҳои байналмилалӣ, ки ин режим анҷом медиҳад, рабте ба дини яҳуд надорад балки ин саҳюнизм аст, ки аз Исроил сухан мегӯяд ва аз он, ҳимоят мекунад.