Январ 21, 2018 13:01 Asia/Dushanbe
  • Таъйиди озодсозии фурудгоҳи низомии Абу Зуҳур дар Сурия

Вазорати дифои Русия бо интишори баёнияе таъйид кард, ки неруҳои артиши Сурия, муваффақ ба озодсозии фурудгоҳи низомии Абу Зуҳур аз ишғоли террористҳо шуданд.

Ба гузориши “Спутник”, вазорати дифои Русия рӯзи якшанбе эълом кард, неруҳои давлати Сурия фурудгоҳи Абу Зуҳурро дар устони Идлиб, ки аз сентябри 2015 токунун таҳти ишғоли шибҳинизомиён буд, бозпас гирифтанд.

Вазорати дифои Русия афзудааст, ягонҳои зарбатии артиши Сурия таҳт фармондеҳии генерал Суҳайл Ҳасан, як гурӯҳи бузург аз шибҳинизомиёни ҷабҳаи “Ан Нусра”-ро муҳосира карданд ва дар амалиёте муваффақ шуданд, онҳоро аз ин фурудгоҳ берун кунанд.

Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки муҳосираи гурӯҳи террористии ҷабҳаи “Ан Нусра” дар устони Идлиб, ниҳоӣ шудааст.

Вазорати дифои Русия, рӯзи шанбе низ бо интишори баёнияе эълом кард, дастрасии неруҳои мусаллаҳи вобаста ба Амрико дар шимоли Сурия ба таслиҳоти ҷангии модерн, мунҷар ба афзоиши танишҳо дар ин минтақа шудааст.

Давлати Амрико ба баҳонаи мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, ба сурати ғайриқонунӣ ва бидуни иҷозаи давлати Сурия дар ин кишвар ҳузури низомӣ дорад.