Январ 21, 2018 13:28 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти ҳазорон нафар дар Тел-Авив бар зидди фасоди Натанияҳу

Ҳазорон нафар аз сокинони Фаластини ишғолӣ шанбешаб дар Тел-Авив дар эътироз ба фасоди молии Бенямин Натанияҳу тазоҳурот карданд.

Ба гузориши ИРНА, тазоҳуркунандагон хостори шитоб гирифтани раванди таҳқиқ ва муҳокимаи нахуствазири режими саҳюнистӣ шуданд ва бо сар додани шиорҳое Натанияҳу ва хонаводаашро фосид хонданд.

Тазоҳурот дар Тел-Авив ҳаштумин ҳафтаи паёпай баргузор шуд.

Сарзаминҳои ишғолӣ дар моҳҳои ахир борҳо шоҳиди тазоҳурот алайҳи фасоди молии Бенямин Натанияҳу будааст.

Натанияҳу гумонбар ба мушорикат дар се парвандаи фасоди молӣ аст.

Нахустин парванда ба дарёфти ҳадияҳое аз тоҷирони сарватманд марбут аст, парвандаи дуввум дар бораи  тавофуқи Натанияҳу бо молики рӯзномаи саҳюнистии Йедиот Ахаронот (Yedioth Aharonoth),  барои пушиши беҳтари хабарҳои ҳукумат аст ва дар парвандаи севвум ҳам Натанияҳу ба заду банд дар қарордоди хариди зердарёиҳои атомӣ аз Олмон муттаҳам аст.