Январ 22, 2018 11:14 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди Маҳмуд Аббос ба Иттиҳодияи Аврупо

Раиси Ташкилоти худгардони Фаластин қасд дорад, аз Иттиҳоди Аврупо бихоҳад, Фаластинро ба унвони кишваре мустақил ба расмият бишиносанд.

Ба гузориши ИРНА, Риёз Ал Молкӣ, вазири хориҷаи Фаластин бо ишора ба дидори имрӯз (душанбе), Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин бо вазирони хориҷаи Иттиҳоди Аврупо дар пойтахти Белгия, гуфт, Аббос аз Иттиҳоди Аврупо мехоҳад, ки дар посух ба тасмими Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар бораи Қудс, Фаластинро ба унвони кишваре мустақил ба расмият бишиносанд.

Ба гуфтаи Ал Молкӣ, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин ҳамчунин бар пойбандии худ бар раванди созиш бо режими Исроил таъкид, хоҳад кард.

Дар ҳоли ҳозир Майк Пенс, муовини раисиҷумҳури Амрико дар сафар ба Ховари Миёна дар Фаластини ишғолӣ, ҳузур дорад ва ин дар ҳоле аст, ки мақомҳои Фаластин дар эътироз ба тасмими Трамп дар бораи Қудс аз пазириши Майк Пенс худдорӣ карданд.

Пас аз тасмими шашуми декабри 2017-и Трамп дар бораи эъломи Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ, Маҳмуд Аббос эълом кард, на худаш ва на ҳеҷяк аз мақомоти Ташкилоти худгардони Фаластин бо мақомоти амрикоӣ дидор нахоҳанд кард.

Сафари Майк Пенс, ки қарор буд, моҳ гузашта анҷом шавад, ба далели мухолифатҳои густурда дар эътироз ба тасмими Трамп ба таъвиқ афтод.