Январ 22, 2018 12:28 Asia/Dushanbe
  • Тавсияи аҷиби муфтии аъзами Саудӣ ба мардуми Арабистон

Муфтии аъзами Саудӣ аз хатибон, муббаллиғон ва мардуми оддӣ хост аз интиқод кардани аз хонадони салтанатӣ дар маҳофил, расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, парҳез кунанд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Ал Олам”, Шайх Абдулазиз Оли ал Шайх, ки раиси ҳайати “Кибор ул- Уламо” дар Арабистон низ ҳаст, бо таъкид бар “ҳаққи давлатмардон бар мубаллиғон ва хатибон”, аз мубаллиғон хост, барои афзоиши муҳаббати давлатмардон дар қалбҳои мардум талош кунанд.

Ол Шайх аз хатибон хост аз давлатмардон ва шоҳзодагон таърифу тамҷид кунанд, фазилатҳо ва хубиҳои ононро барои мардум шарҳ диҳанд.

Муфтии аъзами Саудӣ гуфт, мубаллиғон набояд аз хонадони салтанатӣ, интиқод кунанд ва бояд барои мардум равшан кунанд, ки хонадони Оли Сауд неъмате барои бандагон ҳастанд.

Шайх Абдулазиз Оли ал Шайх таъкид кард, давлатмардон бар мардум бартарӣ доранд ва агар солеҳ бошанд, уммат солеҳ хоҳад буд.