Январ 24, 2018 19:41 Asia/Dushanbe
  • Курдҳои Сурия иддаои Туркияро рад карданд

Яке аз масъулони аршади нерӯҳои демократики Сурия иддаоии артиши Туркияро дар бораи ҳузури аносури ДИИШ дар минтақаи Африн такзиб кард.

Ба нақл аз Ройтерс, Редур Халил, аз масъулони аршади нерӯҳои демократики Сурия, ки аксарияти онҳоро курдҳо ташкил медиҳанд, гуфт: Ҳамаи дунё медонад, ДИИШ дар Африн нест ва артиши Туркия бо ин иддао мехоҳад, афкори умумиро дар бораи таҷовузаш ба хоки Сурия, гумроҳ кунад .

Вай бо тайиди кушта шудани шуморе аз нерӯҳои Ҳизби иттиҳоди демократик (ЙПГ) дар Африн гуфт: Туркия дар эъломи омори кушташудагон иғроқ мекунад .

Артиши Туркия дар баёнияе эълом кард, нерӯҳои амниятии ин кишвар дар чанд рӯзи гузашта, 260 тан аз нерӯҳои ягонҳои мудофеи халқ ва аносури ДИИШ-ро дар Африн куштаанд .

Амалиёти низомии артиши Туркия ба шаҳри Африн дар устони Ҳалаб дар шимоли Сурия бо номи "Шохаи зайтун" зидди нерӯҳои курд асри шанбе оғоз шуд .

Ба дунболи ҳамлаи артиши Туркия ба шаҳри Африн, Вазорати хориҷаи Сурия ин ҳамларо маҳкум ва эълом кард, ин иқдоми Туркия нақзи ҳокимияти миллии Сурия аст .