Август 24, 2016 19:50 Asia/Dushanbe
  • Сарнавишти мардуми Баҳрайн - гарави манофеи Ғарб

Панҷ солу ҳафт моҳ аз инқилоби мардумии Баҳрайн мегузарад ва ҳамчунон ба таносуби рӯйдодҳои хабарӣ дар ин кишвар нозир ба вокунишҳои минтақаӣ ва байналамилалӣ ҳастем, бидуни ин ки роҳҳалле барои он ироа гардад.

Инқилоби мардуми Баҳрайн 14 феврали соли 2011 аз майдони ал-Луълуъ оғоз шуд ва имрӯз бо гузашти беш аз 5 сол ҳамчунон хиёбонҳои ин кишвар саҳнаи ҳузури инқилобии мардум аст. Дар баробари ҳузури таъсиргузору идомадори мардуми Баҳрайн дар саҳнаи сиёсӣ саркӯбу нақзи ҳуқуқи башар ба шаклҳои мухталиф тавассути режеми Оли Халифа идома дорад. Саркӯб кардани мардуми инқилобии Баҳрайн тавассути ақаллияти ҳоким дар ин кишвар ба равишҳои мухталиф пайгирӣ мешавад ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар фақат бо судури баёния иктифо мекунанд. Ҳадаф қарор гирифтани мардум дар хиёбонҳо, шиканҷа ба шеваҳои мухталиф, аз байн бурдани ҷамъиятҳои сиёсии мухолиф, зиндонӣ кардани раҳбарони инқилоб, ҷилавгирӣ аз баргузор шудани таҷаммуъҳои мусоламатомез, мамониат аз хондани намози ҷумъа ва лағви мақоми шаҳрвандӣ бахше аз стратегияи режими Оли Халифа барои хомӯш кардани инқилоби мардум дар Баҳрайн будааст.

Бисёре аз давлату созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар, аз ҷумла Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар дар баробари рӯйдодҳои хабарӣ бо судури баёнияҳо‎ нақзи ҳуқуқи башарро дар Баҳрайн таъйид менамояд, аммо ба асли моҷаро намепардозанд. Кишвари кӯчаки Баҳрайн бо мавқеияти роҳбурдии ҷаҳонӣ пойгоҳе барои Ғарб дар минтақаи ғарби Осиё маҳсуб мешавад. Он чӣ барои Ғарб, бавижа Амрико дар минтақаи ғарби Осиё муҳим аст, ҳифзи Баҳрайн ба унвони пойгоҳи доимӣ аст. Зарурати ҳифзи ин пойгоҳ ҳамчунин идомаи ҳукумати ақаллияти Оли Халифа аст. Режими Оли Халифа чун замонати ҳузури доимии Ғарб дар Ховари Миёна амал мекунад. Ин режим бо вуҷуди бакоргирии хашинтарин абзор барои саркӯб кардани мардуми Баҳрайн ва нақзи густурдаи ҳуқуқи башар дар ин кишвар режими қобили эътимод барои Амрико ва Англия ба унвони ду кишвари дорои пойгоҳи низомӣ дар Баҳрайн маҳсуб мешавад. Фармондеҳи флоти панҷуми нерӯҳои баҳрии Амрико дар Баҳрайн мустақар аст. Манама ва Лондон ҳам соли 2014 аз эҷоди пойгоҳи низомии ҷадиди Англия дар Баҳрайн хабар доданд. Нахустин пойгоҳи низоми доимии Англия дар Ховари Миёна ба унвони HMS дар Баҳрайн қарор дорад.

Ҳифзи пойгоҳҳои низомии Амрико ва Англия дар Баҳрайн ва тазмини даромадҳои аз ин пойгоҳҳо бадастомада барои ин ду кишвари ба истилоҳ мудофеи ҳуқуқи башар аҳамияти ба маротиб бештар аз риояи ҳуқуқи башар ва эҳтиром ба озодии баёну баргузории тазоҳуроти мусолиматомезро дорад. Риояи шартҳои ҳукумати демократӣ дар Баҳрайн, ба роҳ мондани ҳокимияти аксарият бар ақаллият ва эҳтиром ба хости аксарияти шиаёни Баҳрайн ба маънии поёни ҳузури низомии кишварҳои хориҷӣ ва фароминтақаӣ дар Баҳрайн аст. Истиқлоли сиёсӣ ва нақшофаринии мустақими мардум дар таъйини сарнавишти худ хости аксарияти мардуми Баҳрайн аст ва онҳо барои таҳаққуқи ҳамин ин ду асли муҳим сар аз 14 феврали соли 2011 дар хиёбонҳо ҳузур доранд, ба ҳадде ки ҳокимони мустабид низ бо саркӯбиҳои ҳадафманд ононро пароканда карда натавонистаанд. Исрори режими Оли Халифа ба рӯёрӯӣ бо хости аксарияти мардуми Баҳрайн ба хотири ҳифзи манофеи Ғарб дар Баҳрайн иртиботи маънидоре дорад. Ба ҳамин далел нигаронӣ аз корномаи сиёҳи ҳуқуқи башари Оли Халифа дар ҳошияи ин сиёсат қарор дорад. Нигоҳи кишварҳо ва ниҳодҳои ғарбии мудофеи ҳуқуқ башар ба таҳаввулоти Баҳрайн ҳам аз ин дарича қобили арзёбӣ аст.