Январ 30, 2018 18:30 Asia/Dushanbe
  • Оғози нишасти гуфтугӯҳои миллии Сурия дар Сочи

Нишасти гуфтугӯҳои миллии Сурия бо паёми раисҷумҳури Русия дар Сочи оғоз шуд.

Ба гузориши ИРНА, Владимир Путин дар паёме, ки Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия онро хонд, таъкид кард, ҳадафи баргузории нишасти гуфтугӯҳои миллии Сурия поён додан ба ҳафт соли буҳрон дар ин кишвар аст. Раисҷумҳури Русия дар паёми худ ёдоварӣ кард, дар музокироти Остона, пойтахти Қазоқистон бо мушорикати Эрон, Русия ва Туркия манотиқи коҳиши таниш дар Сурия эҷод шуд ва сатҳи эътимод байни суриҳо афзоиш ёфт. Сергей Лавров аз шарикони худ дар Эрону Туркия барои созмондиҳии ин нишаст қадрдонӣ кард.

Дар маҷмӯъ, ҳазору 511 нафар аз суриҳо бо даъвати Вазорати умури хориҷии Русия дар нишасти Сочи ширкат доранд. Дар ҳамин ҳол, “Рейтерз” ба нақл аз манобеи наздик ба Вазорати умури хориҷии Туркия эълом кард, мухолифони сурӣ ҳузур дар конфронси Сочиро рад карданд ва ҳайати музокиракунандаи Туркия намояндаи онон дар ин музокирот хоҳад буд.

Нахустин рӯзи гуфтугӯҳои миллии Сурия, ки рӯзи душанбе баргузор шуд, ба дидорҳои дуҷониба ва ройзаниҳои сеҷонибаи намояндагони Эрон, Русия ва Туркия ба унвони кишварҳои ҳомии ин музокираҳо ихтисос ёфт. Бар асоси эъломи мақомоти баргузоркунанда, яке аз муҳимтарин масъалаҳои матраҳ дар ин нишаст дар Сочи ташкили комиссияе барои навиштани матни Қонуни Асосии ояндаи Сурия аст.