Феврал 05, 2018 19:38 Asia/Dushanbe
  • Давлати Ироқ феҳристи 60 нафара аз муттаҳамони террористиро мунташир кард

Давлати Ироқ нахустин бор феҳристи шомили 60 муттаҳам ба ҳамкорӣ бо ДИИШ, Алқоида ва ҳизби мунҳалаи Баъсро мунташир кардааст.

Ба нақл аз Алҳаёт чопи Лондон, дар ин феҳрист асомии 28 узви ДИИШ, 12 нафар аз саркардагони Алқоида ва 20 фармондеҳи баъсӣ бо симматҳое, ки дар ин гурӯҳҳои террористӣ доранд, зикр шудааст .

Дар ин феҳрист акси бархе аз ин муттаҳамон низ мунташир шудааст .

Дар феҳрист номи Рағад, духтар Саддом, диктатори маъдуми Ироқ низ, ки акнун дар Урдун ба сар мебарад, вуҷуд дорад .

Ин феҳрист шомили асомии муҳимтарин муттаҳамон ва афроди таҳти таъқиби дастгоҳи қазоии Ироқ аст, ки тарафҳои расмии ироқӣ онро мунташир кардаанду феҳристҳои дигаре низ дар роҳ аст .

Ҳайдар Алъибодӣ, нахуствазир ва фармондеҳи нерӯҳои кулли мусаллаҳи Ироқ нуҳуми декабри 2017, расман озодии комили хоки ин кишвар аз ишғоли ДИИШ ва таҳаққуқи пирӯзии бузургро эълом кард .

 

Барчасп