Феврал 10, 2018 21:30 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори неруҳои ҳампаймони Сурия ба режими саҳюнистӣ

Утоқи амалиёти муштараки неруҳои ҳампаймони Сурия дар хоки ин кишвар, бо судури баёнияе эълом кард, аз ин пас дар қиболи иқдомоти террористии режими саҳюнистӣ, сукут нахоҳад кард ва ба он посухи ҷиддӣ хоҳад дод.

Падофанди ҳавоии Сурия имрӯз (шанбе), дар посух ба ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба манотиқе дар ин кишвар, як адад ҷангандаи “F16” ин режимро соқит кард. Пас аз суқути ин ҷанганда, режими саҳюнистӣ ҳамалоти худ ба Сурияро аз сар гирифт, аммо падофанди ҳавоии Сурия бо ин ҳамалот низ муқобила кард.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Ал Маёдин”, фармондеҳи Утоқи амалиёти муттаҳидони Сурия дар ин баёния хотирнишон кард, далоили равшане дорем, ки ишғолгарони амрикоӣ, аносиру ДИИШ-ро аз шарқи рӯдхонаи Фурот ба «Ал Танф» ва пойгоҳҳои машкукашон дар Ироқ, мунтақил мекунанд ва сипас барои ҳамла ва ҳадаф қарордодани пойгоҳҳои артиши Сурия ба ин кишвар боз мегардонанд.

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, аз ин ба баъд дар баробари иқдомоти террористии режими саҳюнистӣ, сукут нахоҳем кард ва ба талошҳои артиши Сурия дар посух додан ба ин таҳоҷуми ошкори Исроил, дуруд мефиристем ва аз раҳбарии Сурия ва тасмими шуҷоъонаи он, барои посух додан ба ин таҳоҷум, ҳимоят мекунем.

Илова бар ҳамалоти имрӯз (шанбе) режими саҳюнистӣ ба ҳарими ҳавоии Сурия,чанд рӯз пеш низ ҷангандаҳои ин режим маркази таҳқиқоти илмии Сурия дар минтақаи «Ҷамроё» дар шимоли ғарби пойтахти ин кишварро бо се рокет, ҳадаф қарор доданд.

 

Барчасп