Феврал 11, 2018 22:18 Asia/Dushanbe
  • Сарнагунии як адад ҳавопаймои ҷосусии режими саҳюнистӣ бар фарози Ғазза

Як адад ҳавопаймои ҷосусии режими саҳюнистӣ, ҳадафи нерӯҳои муқовимати фаластинӣ қарор гирифт ва сарнагун шуд.

Ба гузориши пойгоҳи интерентии хабарии “Ал Аҳд”-и Лубнон, ин ҳавопаймои ҷосӯсии режими саҳюнистӣ, рӯзи якшанбе дар ҳоли маъмурияти ҷосусӣ бар фарози минтақаи марзии «Абӯ Сафия», дар шимоли борикаи Ғазза буд, ки ҳадафи оташбори нерӯҳои муқовимати Фаластин қарор гирифт ва сарнагун шуд.

Пеш аз ин низ пойгоҳи “Ал Аҳд” навишт, нерӯҳои муқовимати фаластинӣ як адад ҳавопаймои ҷосусии режими саҳюнистиро дар шарқи Бату‌ллаҳм дар борикаи Ғазза ба кантроли худ даровардаанд.

Субҳи шанбе низ ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ барои чандумин бор вориди ҳарими ҳавоии Сурия шуданд ва бархе манотиқи устони Рифи Димишқро дар ҷануби Сурия, ҳадаф қарор доданд. Ба дунболи ин иқдоми ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ, падофанди ҳавоии артиши Сурия, ду фарванд ҷангандаи режими саҳюнистиро ҳадаф қарор дод, ки як фарванди он сарнагун шуд.

Бо вуҷӯди инки режими саҳюнистӣ ҳамвора мекушад ба афкори умумии ҷаҳон илқо кунад, ки яке аз модернтарин нерӯҳои ҳавоиро дар Ховари Миёна дорад, аммо зарбапазир будани артиши режими саҳюнистӣ собит кард, ки ин иддаое беш нест.

 

Барчасп