Феврал 12, 2018 17:07 Asia/Dushanbe
  • Хабари ҷадиди Вазорати кишвари Ироқ дар бораи Бағдодӣ

Охирин хабари Вазорати кишвари Ироқ дар бораи саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ иттилооти мунташиршудаи ахирро дар бораи Бағдодӣ тайид мекунад.

Абуалӣ Албасрӣ, раиси ягони шоҳинҳо ва мудири кулли бахши иттилооту мубориза бо терроризм дар Вазорати кишвари Ироқ эълом кард, ки Абубакри Бағдодӣ, саркардаи ДИИШ ба шиддат захмӣ шуда ва ҳоли ӯ вахим аст .

Ба гуфтаи ин масъули аршади амниятии Ироқ, Иброҳим Авод Алсомироӣ, мулаққаб ба Бағдодӣ ахиран дар пайи вахим шудани авзои ҷисмии худ ба бемористони диишиҳо дар минтақаи Алҷазираи Сурия мунтақил шудааст .

Ба гуфтаи ӯ, вазъияти рӯҳии саркардаи ДИИШ бад аст ва ӯ ба далели чандин шикастагӣ ва захми хатарнок, ки бардошта ба бемористон мунтақил шудаасту қодир ба роҳ рафтан нест .

Раиси ягони шоҳинҳо дар Вазорати кишвари Ироқ эълом кард, ки саркардаи ҷинояткори ДИИШ ҳануз дар минтақаи Алҷазираи Сурия ҳузур дораду ба минтақаи дигаре паноҳ набурдааст .

Чанде пеш низ манобеи ироқӣ аз вахим будани ҳоли Бағдодӣ ва эҳтимоли кушта шудани ӯ хабар дода буданд .