Август 25, 2016 20:16 Asia/Dushanbe

Вазири умури хориҷии Амрико, ки барои баррасии буҳрони Яману Сурия ба Арабистон сафар кардааст, бо подшоҳи Арабистон дар Ҷидда дидор кард.

Ба гузориши расонаҳои Эрон, Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Амрико имрӯз дар Кохи Сулҳи Ҷидда бо Салмон ибни Абдулазиз, подшоҳи Арабистон дидор кард. Дар ин дидор, ки ҳайати баландпояе Керриро ҳамроҳӣ мекард, масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвар дар заминаҳои мухталиф ва таҳаввулоти минтақа баррасӣ шуд.

Гуфта мешавад, Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Амрико дар дидор бо сарони Арабистон тарҳҳоеро барои поён додан ба ҷанг дар Яман ва азсаргирии музокироти сулҳ ироа мекунад.

Артиши Амрико ҳамоҳангкунандаи ҷанги таҳти амри Арабистон дар Яман аст ва дастрасии саудиҳо ба муҳимоти ҷангиро тазмин кардааст. Гурӯҳҳои марбут ба ҳуқуқи башар мегӯянд, тибқи қавонини ҷангӣ ва бо таваҷҷуҳ ба ҳимояти Амрико аз ҷанги Арабистон дар Яман, Вашингтон масъули аслии талафоти ғайринизомён дар ин кишвар аст.

Ҳамкорамон Наҷафзода аз Ню-Йорк гузориш медиҳад:

 

Барчасп