Феврал 14, 2018 11:19 Asia/Dushanbe
  • ФАО: Нобудии 40 дарсади маҳсулоти кишоварзии Ироқ дар ҷанг бо ДИИШ

ФАО (Созмони хорубор ва кишоварзии миллали муттаҳид) эълом кард: 40 дарсад аз маҳсулоти кишоварзии Ироқ дар ҷанг бо гуруҳи террористии ДИИШ аз байн рафтааст.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ФАО дар баёнияе афзуд: Ҷанг илова бар хисорат ворид кардан ба маҳсулоти кишоварзони ироқӣ онҳоро тайи солҳои гузашта ба тарки заминҳои зироатиашон водор кардааст.

Дар ин баёния таъкид шудааст, ин дар ҳолест ки 12 миллион ироқӣ дар минтақаҳои рустоӣ зиндагӣ мекунанд, ки даромади онҳо вобаста ба кишоварзӣ аст.

Гуруҳи террористии ДИИШ дар соли 2014 бо ҳимояти молӣ ва низомии Амрико ва ҳампаймонони ғарбӣ ва арабии ин кишвар аз ҷумла Арабистон бо ҳамла ба Ироқ бахшҳои густардае аз минтақаҳои шимолӣ ва ғарбии ин кишварро ишғол кард ва ҷиноёти бешуморе анҷом дод.

Артиши Ироқ ахиран бо пуштибонии неруҳои мардумии ин кишвар, неруҳои муқовимат ва кӯмакҳои Ҷумҳурии исломии Эрон тавонист тамоми ин минтақаҳоро аз ишғоли ДИИШ озод кунад ва амалан кори ин гуруҳи террористиро дар Ироқ ба поён бирасонад.

Барчасп