Беш аз 10 пойгоҳи низомии амрикоӣ дар хоки Ироқ
Дар идомаи мухолифатҳои умумӣ дар Ироқ бо ҳузури низомиёни амрикоӣ, сокинони устони Салоҳиддин аз ҳузури ин нерӯҳо дар ин устон ва афзоиши теъдоди онҳо ибрози нигаронӣ карданд.
Бо онки ҷанг бо ДИИШ дар Ироқ поён ёфтааст, аммо нерӯҳои амрикоӣ ҳамчунон дар ин кишвар ҳузур доранд.
Мардуми Ироқ бо ҳузури Амрико дар хоки ин устон мухолифанд.
Онҳо таъкид мекунанд, ҳадафи Амрико аз ҳузури низомӣ, дахолат дар умури дохилӣ ва муҳаққақ кардани аҳдофи сиёсӣ ва аз ҳампошидани Ироқ аст .
Шумори нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ ба даҳ ҳазор низомӣ расида ва ҳамин боиси хашми маҳофили мардумӣ ва сиёсии Ироқ шудааст .
Аҳмад Алмаҳйӣ, сухангуи гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ аз вуҷуд беш аз 10 пойгоҳи низомии амрикоӣ дар хоки ин кишвар хабар дод, ки панҷ маврид аз онҳо дар минтақаи Курдистони Ироқ аст.
Шайх Исо Ҳабиб, аз шуюухи устони Салоҳиддин гуфт:
“Метавонем аз сарзамини Ироқ дифоъ кунем ва ниёзе ба нерӯҳои амрикоӣ нест ва ДИИШ поён ёфт ва дигар боз нахоҳад гашту нерӯҳои амрикоӣ низ ба ҳамроҳи онҳо бираванду барнагарданд”.
Ҷанг ва озодии Ироқ ва амалиёти озодии Ироқ номҳоест, ки барои тавсифи ҳуҷуми низомии Амрико ба хоки Ироқ дар рӯзҳои поёнии марти соли 2003 ба кор гирифта шуд.
Ончи Вашингтон пирӯзии худ дар Ироқ меномид, дар воқеъ оғози фоҷеае дигар барои миллионҳо ироқиро рақам зад.
Амрикоиҳо дар ҳоле поёни маъмурияти худро дар Ироқ эълом карданд, ки бо мунҳал кардани артиши ин кишвар фазоро барои рушди хушунату таваллуди гунае ҷадид аз терроризм таҳти унвони ДИИШ фароҳам карда буданд.
Дар паи юриши ДИИШ ба хоки Ироқ ва ишғоли шаҳрҳои муҳим, раванди бозгашти амрикоиҳо ба хоки Ироқ оғоз шуд .
Мақомоти амрикоӣ аз нимаи соли 2014 эъзоми нерӯҳои низомии худ ба хоки Ироқро аз сар гирифтанд.
Ин раванд то поёни соли 2016 идома доштааст ва ин амалиётро талоше барои мубориза бо терроризму ДИИШ тавсиф карда буданд.
Зарурати боқӣ мондани нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ аст, ки густариши мухолифатҳои ироқиҳоро дар пай доштааст .