Шартҳои Аммори Ҳаким барои пазириши даъвати саудиҳо
Арабистони Саудӣ бори дигар аз Аммори Ҳаким, аз шахсиятҳои шиӣ ва бонуфузи Ироқ барои сафар ба Риёз даъват карда, аммо Ҳаким барои пазириши ин даъват шартҳое матраҳ кардааст.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Алолам”, Абдулазиз Аш-Шаммари, сафири Арабистони Саудӣ дар Бағдод дар дидоре, ки ҳудуди як моҳи пеш бо Сайид Аммори Ҳаким, раиси ҷараёни Ҳикмати миллии Ироқ дошта, бори дигар аз ӯ барои сафар ба Риёз даъват кардааст.
Як манбаи огоҳ дар бораи посухи Сайид Аммори Ҳаким, раиси ҷараёни Ҳикмати миллии Ироқ ба ин дархост гуфт, Ҳаким дар посух барои пазируфтани ин даъват шартҳоеро баён кардааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, Ҳаким шарти аввали худро “дидор бо шиаёни Арабистон” қарор додаву гуфтааст, ки дар сурати сафар ба ин кишвар бояд дар манотиқи шианишин ҳузур ёбад ва бо шиаёни Арабистон аз наздик дидор кунад.
Дигар шарти Аммори Ҳаким барои сафар ба Риёз, гуфтугӯ дар бораи вазъияти муҳосираи Шайх Исо Қосим, олими барҷастаи баҳрайнӣ ва боздошти Шайх Алӣ Салмон, дабири кулли ҳизби Алвифоқи Баҳрайн аст.
Ин манбаи огоҳ гуфт, Абдулазиз Аш-Шаммари, сафири Арабистони Саудӣ дар Бағдод гуфтааст, ки ин шартҳоро ба Риёз мунтақил хоҳад кард. Бо ин ҳол то кунун ва баъд аз гузашти як моҳ аз ин дидор, посухе аз мақомоти саудӣ дарёфт нашудааст.
Ин манбаи огоҳ пешбинӣ кардааст, мақомҳои Риёз ҳамчун бори қабл шартҳои Ҳакимро напазиранд.