Феврал 15, 2018 19:20 Asia/Dushanbe
  • Ташдиди ихтилофоти дохилии террористҳо дар Сурия

Ихтилофот миёни гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия, рӯ ба афзоиш аст.

Ба гузориши шабакаи “Ал Олам”, бо пешравии артиш ва неруҳои муқовимат дар Сурия, ихтилоф ва сархӯрдагӣ миёни саркардагони гурӯҳҳои террористии ДИИШ ва "Ҷабҳат ун-Нусра" (шохаи Алқоида дар Сурия), ташдид шуд.

Даргирии аносури мусаллаҳи ДИИШ бо террористҳои "Ҷабҳат ун-Нусра" ба кушта шудани 27 нафар аз аносури мусаллаҳи ду тараф мунҷар шуд.

Ҳамчунин аносури мусаллаҳи ДИИШ пас аз даргирӣ бо террористҳои "Ҷабҳат ун-Нусра", хиёбони Ҳайфо дар урдугоҳи Ал Ярмук дар ҷануби Димишқро ишғол карданд.

Ҳамзамон гурӯҳҳои вобаста ба ДИИШ ва гурӯҳҳои вобаста ба гурӯҳҳои мусаллаҳи мавсум ба «Артиши озод» дар Даръо (ғарби Сурия), бо ҳам даргир шуданд.

Ташдиди ихтилофоти дохилии гурӯҳҳои террористӣ, дар атрофи Даръо ва даргирҳои шадид миёни артиши Сурия ва гурӯҳҳои мусаллаҳ ҳаминак аз муҳиммтарин ахбори ин кишвар аст.