Гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа, бозуҳои Исроил барои куштору ҷиноят
Сафири Сурия дар Эрон гуфт: Гурӯҳҳои террористӣ ҳамонанди бозуҳои аслии режими Исроил барои қатлу куштори мардуми Сурия ва минтақа ҳастанд ва аз ҳимояти комили ин режим бархурдоранд.
Аднон Маҳмуд гуфт: Иродаи артиши арабии Сурия муқобила бо ҳаргуна таҷовузгарӣ аст. Вай афзуд: Соқит кардани ҳавопаймои режими саҳюнистӣ, ки ба чанд минтақа дар Сурия таҷовуз карда буд, нишондиҳандаи ирода ва тасмими раҳбарӣ ва артиши арабии Сурия барои муқобилаи қотеона бо ҳаргуна таҷовузи ин режим ба сарзамини Сурия аст.
Падофанди ҳавоии артиши Сурия 10 феврал дар паи таҷовузи мукаррари ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ, як фарванд ҷангандаи ин режимро ҳадаф қарор доду сарнагун кард.
Сафири Сурия дар Теҳрон, ба нақши Амрико ва ҳампаймононаш дар ҳимоят аз террористҳо ва сӯиистифода аз падидаи терроризм дар минтақа ишораву тасреҳ кард: Иқдоми Амрико дар ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ дар шимоли шарқи Сурия, нақзи алании ҳокимияту истиқлоли Сурия ва қавонини байналмилалӣ аст .
Вай таъкид кард: Ҳадафи Амрико аз ташкили ин гурӯҳҳои мусаллаҳ, таҷзияи бархе кишварҳои минтақа дар ростои хидмат ба тавтеаҳои саҳюнизм дар ҷаҳон ва саҳнаи байналмилалӣ аст .
Сафири Сурия дар Эрон ба равобити роҳбурдии Эрону Сурия ишора карду гуфт: Сурия дар ростои таҳкими равобити роҳбурдӣ бо Эрон дар тамоми заминаҳо аз ҷумла мубориза бо терроризм идома хоҳад дод .