Талоши Ҳизби иттиҳоди исломӣ барои эътилофи аҳзоби исломӣ дар Курдистони Ироқ
(last modified Thu, 22 Feb 2018 05:08:26 GMT )
Феврал 22, 2018 10:08 Asia/Dushanbe
  • Талоши Ҳизби иттиҳоди исломӣ барои эътилофи аҳзоби исломӣ дар Курдистони Ироқ

Ҳамзамон бо наздик шудани интихоботи парлумонӣ дар Ироқ, Ҳизби иттиҳоди исломии Курдистон барои ташкили ҷабҳаи муттаҳиди исломӣ аз аҳзоби курди исломӣ талош мекунад.

Се Ҳизби иттиҳоди исломӣ, Ҷамоати исломӣ ва Ҳаракати исломӣ дар Курдистони Ироқ ба унвони се ҳизби умдаи исломӣ дар ин минтақа ҳузури умдае дар саҳнаи сиёсии Курдистон ва Ироқ доранд.

Ба гузориши ИРНА, Салоҳуддин Баҳоуддин, дабири кулли Ҳизби иттиҳоди исломии Курдистони Ироқ рӯзи чаҳоршанбе гуфт, дар остонаи интихоботи парлумонӣ, ин ҳизб бо ҳамкории дигар аҳзоб дар Ҳаракати исломии Курдистони Ироқ, созмонҳо ва шахсиятҳои исломӣ гомҳои аввалияи муҳимеро барои ташкили эътилофе аз аҳзоби исломӣ дар Курдистони Ироқ бардоштааст ва ба зудӣ аъзои Ҷамоати исломии Курдистони Ироқ низ ба он хоҳанд пайваст.

Дабири кулли иттиҳоди исломии Курдистони Ироқ ҳадаф аз ташкили ин эътилофи исломиро талоши ҳамоҳанги аҳзоби исломӣ барои адолат ва ҳокимият дар масири мубориза бо фасод дар ҷомеа донист ва бар аҳамияти интихоботи парлумонӣ барои анҷоми ислоҳот дар ҷомеа таъкид кард.

Ин дар ҳолест, ки пеш аз ин Ҳаракати исломӣ дар Курдистони Ироқ эълом карда буд, дар интихоботи пешорӯ дар канори иттиҳоди исломӣ хоҳад буд.

Интихоботи парлумонии Ироқ 12 –уми майи соли 2018 баргузор хоҳад шуд. Ин интихобот ба сабаби шикасти ДИИШ дар Ироқ аз аҳамият хосе бархурдор аст ва рақобат барои касби аксарияти парлумони Ироқ бар аҳамияти интихоботи парлумонӣ афзудааст.